Дар Алмаато аввалин мусобиқаи куштингирӣ барпо гардид

Дар чаҳорчӯби чорабинӣ бахшида ба 30-умин солгарди равобити дипломатии ду кишвар беш аз 28 куштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯи қолин вохӯрданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Нахустин мусобиқаи куштии тоҷикӣ дар Қазоқистон баргузор шуд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато баргузор шуд.
Раёсати дипломатии Тоҷикистон хабар дод, ки мусобиқаҳо ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар бахшида шуданд.
Дар чорабинӣ беш аз 100 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи мардумии Қазоқистон, роҳбарону фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат доштанд.
Навраси 80-килоии тоҷик пирӯзи мусобиқаи байналмилалӣ шуд
Дар болои қолин беш аз 28 гуштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрданд.
Ба ғолибони мусобиқа медал, ҷоиза ва медалҳои пулӣ барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мувофиқан ба маблағи 100 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор танга сарфароз гардонида шуданд.
Куштӣ як варзиши суннатии миллии тоҷикӣ буда, таърихи хеле қадима дорад ва дар он рақибон камарбанди якдигарро медоранду рақобат мекунанд.