Раҳмон ба Тоқаев дар робита ба сӯхтор дар Қазоқистон тасаллият фиристод

Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва аҳолӣ оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев барқияи тасаллият фиристод.
"Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва аҳолӣ оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф карда мешаванд",- омадааст дар паёми кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор доштааст.
Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки бо талошҳои ҳукумат ва мардум оқибатҳои сӯхтор ба зудӣ бартараф хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-ро гирифт.
Узрхоҳии Тоқаев аз оилаҳои кушташудаҳо дар сӯхтор ва эълони мотам дар Қазоқистон
Раисҷумҳури ин кишвар зимни боздид аз маҳал ва суҳбат бо сокинони тахлияшуда изҳори ҳамдардӣ ва узрхоҳӣ карду 12 июнро рӯзи мотамт миллӣ эълон намуд.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ ​​оғоз шуд.
Мутахассисон онро зуд хомӯш карда натавонистанд, зеро релеф барои ҳаракати мошинҳо имконнопазир буд.