ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз сафорати Қазоқистон дар Душанбе боздид кард.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Вазорати умури хориҷа, раҳбари ин ниҳод ба сафири Қазоқистон Валихон Туреханов барқияи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи мотами миллӣ дар ҷумҳурӣ супурд.
Ҳамчунин Сироҷиддини Муҳриддин дар китоби таслият навиштае гузоштааст.
“Мо ба андӯҳи мардуми бародари Қазоқистон шарик ҳастем ва умедворем, ки ҳамаи осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёбанд”, - навиштааст Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтори густурдаи ҷангал дар вилояти Абайи Қазоқистон ҷони 14 коргари мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-ро гирифт.
Раисҷумҳури ин кишвар зимни боздид аз маҳал ва суҳбат бо сокинони тахлияшуда изҳори ҳамдардӣ ва узрхоҳӣ карду 12 июнро рӯзи мотамт миллӣ ълон намуд.
Сӯхтор дар хоҷагии ҷангали Батпаевский, воқеъ дар шарқи кишвар, рӯзи 8-уми июн баъд аз зарбаи барқ оғоз шуд.
Мутахассисон онро зуд хомуш карда натавонистанд, зеро релеф барои ҳаракати мошинҳо имконнопазир буд.