Имзои нахустин созишномаи дастаи довталабони “Ахмат” бо Вазорати дифои Русия – видео

Вазорати дифои Русия дар доираи фармони Сергей Шойгу дар бораи имзои созишнома бо довталабон, бо дастаи "Ахмат"-и Чеченистон шартнома баст
Sputnik
Вазорати дифои Русия дар асоси фармони вазири дифоъ Сергей Шойгу дар бораи довталабон бо дастаи "Ахмат" шартномаи аввалинро ба имзо расонд, иттилоъ додааст сухангӯи ин вазорат
"Дар доираи иҷрои фармони вазири дифои Русия дар бораи муайян кардани тартиби ташкили фаъолияти хидматии ташкилотҳои довталаб, байни Вазорати дифоъ ва дастаи довталабони "Ахмат", ки аз ҷониби ВКД омӯзонда шудааст, шартнома ба имзо расид", - гуфтанд дар вазорат.
Вазорати мудофиа аз талоши номуваффақи ҳамлаи нерӯҳои Украина хабар дод
Шартномаро, ки танзими ҳуқуқӣ ва фаъолияти воҳидҳои довталабони "Аҳмат" дар минтақаи амалиёти махсус, инчунин васеъ намудани тадбирҳои муқарраршуда аз ҷониби давлат, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии довталабон ва оилаҳои онҳоро муайян мекунад, муовини сардори Ситоди генералии Русия генерал-полковники Алексей Ким ва директори Донишгоҳи нерӯҳои махсуси Русия Адам Дашаев ба имзо расонданд.
Тавре ки Ким қайд кард, имрӯз дар минтақаи амалиёти вижа дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ шумори"хеле зиёд" ҷузъу томҳо, дастаҳои довталаб ва дигар воҳидҳои низомӣ ширкат доранд.
Амалиёти вижаи низомӣ: шикасти ҳамлаи артиши Украина – фоҷеа барои ИМА ва НАТО
Ёдовар мешавем, ахиран вазири дифои Русия Сергей Шойгу фармонеро имзо кард, ки тартиби ташкили фаъолияти хидматии дастаҳои довталабро муайян мекунад. Мувофики санад тамоми дастаҳои довталаб то 1 июль бо Вазорати дифоъ бояд шартнома имзо намоянд. Ин имкон медиҳад, ки самаранок аз довталабон дар ҳайати гурӯҳи муштараки қувваҳои мусаллаҳ истифода шавад.