ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ Илон Маск дар бораи ҷудо намудани бастаи навбатии кумакҳои низомӣ ба Украина аз ҷониби Пентагон изҳори тааҷҷуб кард.
Вай дар вокуниш ба ин хабари мақомоти низомии ИМА дар Twitter аз оқибати ин ҳама иқдом суол кард.
"Ин бо чӣ анҷом меёбад. Бе қабули хаёлот ба ҷои ҳақиқат. Дар назар дорам - дар воқеият", - навиштааст Илон Маскав.
Ин вокуниши соҳибкори амрикоӣ баъди он сурат гирифт, ки Вазорати мудофиаи ИМА аз интиқоли бастаи нави кумакҳо ба Киев ба маблағи 2,1 млрд доллар хабар дод.
Ба ин бастаи нав, системаҳои дифои ҳавоии HAWK, системаҳои бесарнишини Puma, хумпораҳо шомил шудаанд. Дар фаҳрасти кумакҳои нав ҳамчунин лавозимоти ҷангӣ барои системаи низоми мушакӣ бо нишонгирии лазерӣ зикр шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки кишварҳои ғарбӣ дар пайи оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кумаки низомию молӣ барои ин кишварро ба таври густурда ба роҳ монданд. Маскав изҳор дошт ин кумакҳо танҳо муҳлати амалиётро тӯл медиҳад, аммо ба бароварда шудани ҳадафҳои он таъсире намегузорад.
Русия қаблан ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Маскав хоҳад шуд.