Сегрт: Бо туркманҳо бародарем, аммо дар майдон рақиб хоҳем буд

Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар гурӯҳи "А" дар Тошканд бо сабқати тими миллии Тоҷикистону Туркманистон оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Тоҷикистон дар бозии якуми худ дар мусобиқаи "CAFA Nations Cup-2023" дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Тошканд бо мунтахаби Туркманистон сабқат мекунад, иттилоъ дод Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Сармураббии тими милли Тоҷикистон, Петр Сегрт қабл аз оғози бозӣ бо Туркманистон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо халқи туркман бародарем, аммо дар майдон инро фаромӯш карда, давоми 90 дақиқа рақиб хоҳем буд.
Вай афзуд, ки ҳамаи рақибони тими Тоҷикистон дар гуруҳи "А" қавӣ буда, ҳамаашонро эҳтиром мекунанд. Ба таъкиди Сегрт, пас аз чанд сол "CAFA Nations Cup" ба яке аз беҳтарин мусобиқаҳои Осиё табдил хоҳад ёфт.
Сармураббӣ изҳор дошт, ки ҳамаи бозигарони даъватшудаи тими миллии Тоҷикистон, ки дар бошгоҳҳои 10 давлати дунё бозӣ мекунанд, ба сабқат ҳозир шудаанд.
Тими ҷудои Тоҷикистон ба Қазоқистон меравад
Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.