"CAFA Nations Cup-2023": тими Афғонистон бо нишони эътироз тарки майдон намуд

Футболбозони афғон аз қарори довар ба нафъи тими миллии Қирғизистон норозӣ шуда, пеш аз садои ҳуштаки ниҳоии бозӣ майдонро тарк карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Нахустин бозии "CAFA Nations Cup-2023" дар Ӯзбекистон, ки дар он дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳам вохӯрданд, бо эътирози аввалиҳою пирӯзии дуюмиҳо анҷомид.
Дар вақти асосӣ ба ҳарду даста муяссар нашуд, ки ҳисобро кушояд ва танҳо дар дақиқаи 97-ум Эрнист Ботирканов аз Қирғизистон дар рақобат бо нимҳоятгар дарвозаи рақиб гол зад.
Дарҳол пас аз ин, бо ташаббуси сармураббӣ Абдулло Ал-Мутайрӣ дастаи Афғонистон аз майдон берун рафт. Сабаби тарки майдон кардан бо нишони эътироф ин буд, ки ба мураббӣ чунин намуд, ки тӯб ба дасти Ботирканов расид.
Хуруҷи гуруҳии афғонҳо ҳам рақибон ва ҳам доваронро ба ҳайрат овард. Бо вуҷуди эътирози дастаи Афғонистон, бо қарори доварон пирӯзӣ ба тими Қирғизистон бо ҳисоби ниҳоӣ 1:0 дода шуд.
Сегрт: Бо туркманҳо бародарем, аммо дар майдон рақиб хоҳем буд
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мусобиқа бозиҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро ишғол мекунанд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, Петр Сегрт ба ҳайати мунтахаб дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардаст.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад.
Дар ин гуруҳ футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Туркманистон рӯзи 11 июн сабқат мекунад. Зӯрозмоӣ бо тими мунтахаби Уммон рӯзи 14 июн таъйин шудааст.
Дар доираи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ сабқат бо дастаи Ӯзбекистон низ дар назар аст, ки 17 июн сурат мегирад.