Сафири Русия гуфт, ИМА хоҳони сулҳ дар Украина нест

Баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест, зеро онҳо бохти стратегӣ бар Русияро таҳаммул надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Тақсими бастаи нави бузурги кӯмаки низомӣ ба Украина аз майл надоштани мақомоти Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ шаҳодат медиҳад.
Дар ин бора сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ахиран Пентагон дар бораи таҳвили аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллар эълон кард.
"Иёлоти Муттаҳида иаъмини дастпарварони худ бо навъҳои нави аслиҳаи марговар идома медиҳад. Ҷудо кардани ин гуна манобеъи таъсирбахши молӣ ба ин ҳадафҳо аз як чиз шаҳодат медиҳад: Вашингтон қасди ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дипломатии низоъро надорад", - таъкид кард Антонов.
Ба гуфтаи вай, мақомоти Кохи Сафед ҳеҷ коре накардаанд, то режими Зеленский ба сари мизи музокирот биёяд.
Сардори намояндагии дипломатӣ афзуд, ки барои Вашингтон "бохти стратегӣ бар Русия" ғайриқобили қабул аст.
Лавров: ИМА хоҳиши устувор дорад иқтисоди Русияро аз байн бубарад
"Обрӯи роҳбарияти кишвар, ки на роҳҳои дипломатӣ, балки ҷангро интихоб кардааст, зери хатар аст... Равшан аст, ки баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест”, - хулоса кард Антонов.
Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад.
Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.