ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии Пайрав Воҳидов бозии дувуми худро дар Ҷоми кишварҳои араб-2023 дар Ҷидда нобарор анҷом дод.
Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳарифи навбатии мунтахаби кишвар мизбони мусобиқот – тими Арабистони Саудӣ буд.
Тоҷикистон дар ин рақобат бо ҳисоби бузург 8:0 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, даври ниҳоии сабқати гурӯҳии мусобиқаи футзал 10-уми июн баргузор мешавад, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Алҷазоир бозӣ мекунад.
Дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 2 даста аз 3 гурӯҳ, инчунин 2 дастаи беҳтарин аз миёни онҳое, ки ҷойҳои 3-юмро гирифтанд, ба плей-офф роҳ ёфта, ҷуфтҳои чорякфиналиро ташкил мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо тимҳои Арабистони Саудӣ, Алжир ва Лубнон шомили гуруҳи "А" аст.
Мунтахаби кишвар дар даври аввали мусобиқа бо яккачини Либия бозӣ кард, ки аз он низ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ҳамакнун охирин имкони охирини мондар дар мусобиқа дар бозӣ бо алҷазоир хоҳад буд, ки 10 июн доир мешавад.