ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонки Русия рӯзи ҷумъа меъёри бозтамвилро бетағйир гузошт, дар сатҳи 7,5%-и солона нигоҳ дошт, иттилоъ дод ин ниҳоди танзимкунанд.
Ба иттилои манбаъ, ин дуввумин бор дар таърих буд, ки Бонки марказӣ дар шаш ҷаласа пайиҳам нишондоди калидиро нигоҳ медорад.
Пас аз ҷорӣ шудани қурби калидӣ дар Русия дар соли 2013 танҳо се давра буд, ки Бонки марказӣ онро муддати тӯлонӣ бетағйир нигоҳ дошт.
Ҳамин тариқ, дар моҳи июли соли 2015 танзимкунанда тасмим гирифт, ки меъёрро то 11% паст кунад ва онро дар шаш ҷаласа дар ин сатҳ нигоҳ дорад, пас дар соли 2020 нишондод то сатҳи 4,25% поин рафт, ки 4 ҷаласа давом кард.
Пас аз он Бонки марказӣ давраи коҳиши қурби асосиро ба таваққуф гузошта, онро дар сатҳи 7,5% дар як сол гузошт ва баъдан чаҳор ҷаласаи дигар қурб бетағйир монд.
Марҳилаи кунунӣ аз октябри соли 2022 давом дорад, ки Бонки марказӣ нишондоди калидиро дар сатҳи 7,5% муқаррар карда буду то ҳол нигоҳ медорад.
Таҳлилгарон қаблан нигоҳ доштани меъёри бозтамвилро дар сатҳи пешина пешгӯӣ карда буданд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.