ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эрон омода аст, дар шароити таҳримҳо ба саноати коркарди нафти Русия кумаки фаннӣ ва муҳандисӣ расонад.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Эрон бо такя ба муовини вазири нафт ва мудири кулли Ширкати миллии нафту кимиё Муртазо Шоҳмирзоӣ хабар додааст.
"Эрон омодаи хидматрасонии фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи маводи кимиёвист, ки барои саноати нафтӣ ва кимиёи Русия дар шароити таҳримҳо заруранд", - гуфт муовини вазир.
Шоҳмирзоӣ зимни суханронӣ дар намоишгоҳи “Роспласт-2023” дар Маскав аз сармоягузорони рус даъват кард, то дар барномаи Эрон барои рушди саноати нафту кимиё ва газ ширкат кунанд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон дар рафъи мушкилоте, ки аз таҳримҳо бармеояд, таҷрубаи ғанӣ дорад ва азми бахшҳои давлатӣ ва хусусии ин кишварро барои таҳкими ҳамкориҳо бо Русия зикр намудаст.
Ба гуфтаи сафорат, ширкатҳои эронӣ қасд доранд, дар тӯли се рӯзи намоишгоҳ бо ширкатҳои русӣ беш аз 10 созишномаи шарикӣ имзо кунанд.
Ахиран Эрон гуфт, тасмим дорад, бо ширкати Русия, Қатар ва Туркманистон як маркази газӣ бунёд кунад. Дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад.