Сокинони вилояти Суғд барои сафар ба ҳаҷ омодагӣ мебинанд

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки нияти адои ҳаҷ доранд, вохӯрда, ба онҳо қоидаҳои сафарро хотиррасон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Соли 2023 - 111 сокини Панҷакент ният доранд, ки ба зиёрати маконҳои муқаддаси Арабистони Саудӣ раванд.
Дар ин бора, ҳукумати шаҳр хабар медиҳад.
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент бо шаҳрвандоне, ки қасди сафари Ҳаҷ доранд, мулоқот кард.
Ӯ ба зоирин ёдовар шуд, ки ҳар яки онҳо намояндаи давлатанд. Холиқзода ба онҳо амали қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”, бахусус ҳангоми гусел ва пешвозро шарҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 арзиши сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 1,5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфта, 59 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Интиқоди Раҳмон аз сафари зиёди тоҷикон ба Ҳаҷ: ҳатто ба мусобиқаи авлодӣ табдил ёфтааст
Ҳамин тариқ, ба нархи зикршуда чиптаҳои ҳавопаймо, меҳмонхона, боҷи давлатӣ, се вақт ғизо, сафар, хидматрасонии роҳбаладӣ, кумаки тиббӣ дар ҳолати зарурӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Нархи ҳаҷ барои зоирини тоҷик арзон шуд
Қобили зикр аст, ки сафари зоирин аз Тоҷикистон аз 10 то 20 июн аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд оғоз мешавад.