ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бо сафари расмӣ ба Душанбе вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров ташриф овард. Дар бораи сафар фақат чанд рӯз пеш эълон доштанд, бинобар ин, он як қадар ғайриинтизорӣ буд ва ҳадафҳои сафар то лаҳзаҳои охир номаълум буданд.
Аммо, чуноне, ки чашмдор буданд, дар ҷараёни мулоқот намояндагони русиягиву тоҷикистонӣ мавзӯъҳои нисбатан муҳим ва муаммоҳои барои Маскаву Душанбе мубрамро баррасӣ намуданд.
Амният ва масоили Афғонистон
Яке аз масъалаҳои калидии рӯзнома - амнияти минтақавӣ, аниқтараш – вазъият дар Афғонистони ҳамсоя буд. Дар рафти сафараш Лавров якчанд маротиба қайд намуд, ки бо ҳукумати кунунии Кобул, он чӣ гунае, ки набошад, ба хотири некӯаҳволӣ ва худи афғонҳо ва ҳамсояҳои онҳо ҳамкориҳои дипломатиро бояд ба роҳ монд.
"Ба роҳ мондани гуфтушунидҳо бо толибон* ҷавобгӯи манфиатҳои амниятӣ ва рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд",- зикр намуд вазири корҳои хориҷаи Русия.
Аммо ӯ, ҳамзамон, зикр намуд, ки на Маскав ва на Душанбе чун пештара талаботи худро нисбат ба Кобул бобати бунёди давлати фарогир дигар накардаанд. Ва бе ин суботи дохила ва риояи ҳуқуқҳои инсон дар Афғонистон гумон аст, ки имконпазир бошад.
Хуллас, мавҷуд набудани ҳукумати фарогир – ин ягона манбаи муаммоҳо дар ин кишвар нест. Ба гуфти Лавров, бархе аз гурӯҳҳои террористии радикалӣ ҳадафмандона аз хориҷ маблағгузорӣ ва идора карда мешаванд, то минтақа манбаи нооромӣ барои сарҳадҳои кишварҳои осиёимиёнагӣ нигоҳ дошта шавад.
Лавров гуфт, ки Ғарб доиман дар ҷустуҷӯи самти иловагист, то тавассути онҳо Русияро “хашмгин сохтан” мумкин бошад, фронтҳои “дуюм”, ”сеюм” ва ”чорум”-ро кушояд. Яке аз чунинҳо ана ҳамин Осиёи Марказӣ гардид.
Ҳини баромадаш назди хизматчиёни пойгоҳи низомии русиягии 201-ум, вазири русиягӣ Вашинтонро бевосита дар дастгирии “Давлати исломӣ” (ИГИЛ** ва ё ИГ**), ки дирӯз масъулияти куштори якчанд амалдорон дар Бадахшонро гирифтанд, айбдор намуд
“ИМА фаъолони исломиён, “Ал-Қоида” ва дигар сохторҳои террористии бо онҳо робита доштаро дастгирӣ менамояд. Мақсадашон оддист - барои оромӣ дар Афғонистон имкон надодан.
Яъне, аввал “обро лой” карда, сипас “моҳӣ доштан”. Ана баъд, боз ба ин ҷо “дахолат” кардану ба кишварҳои минтақа барои ба таври худ зистан халал расонидан”, - қайд намуд Лавров.
Лавров таъкид дошт, ки маҳз Вашингтон ва иттифоқчиёнаш гунаҳгори муташанниҷ будани вазъият дар Афғонистон мебошанд ва онҳо бояд хароҷотҳои асосиро вобаста ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар баъди низоҳо ба худ гиранд.
Агар гуфтушунид бо ҳукумати Тоҷикистон бобати “масоили афғонӣ” ва амнияти минтақаро гирем, пас дар ҷамъбасти мулоқот бо ҳамтои тоҷикистониаш Сироҷиддин Мӯҳриддин, эълон гардид, ки Русия мусоидат намудан ба навсозии қувваҳои мусаллаҳро идома хоҳад дод.
“Мо дар бораи иҷрои созишномаҳо дар самти низомӣ ва низомӣ-техникӣ – аз ҷумла, бобати амалисозии барномаи навсозии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сӯҳбат доштем”, - равшанӣ андохатанд тарафҳо.
Масъалаҳо вобаста ба муҳоҷирон
Дигар масъалаи на камтар аз ин ҷиддитар дар гуфтушунид, ин муаммоҳои муҳоҷирон буд. Агар аниқтар гӯем – боздошти оммавии муҳоҷирони хориҷии ба наздикӣ дар шаҳрҳои Маскаву Сакт-Петербург сурат гирифта, ки аксарияташон зодагони Тоҷикистон будаанд.
Чун дар ВАО хабарҳо дар бораи истифода аз фишор ҳангоми санҷиш пайдо шуданд, ҷониби тоҷикон изҳори хавотирӣ кашид, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон бошад ба ҳамтои русиягии худ Игор Краснов барқияи фаврӣ бо хоҳиши додани баҳои ҳуқуқӣ ба ҳодисоти рухдодаистода фиристод.
Табиист, ки дар арафаи ташрифи Лавров истифодабарандагони шабакаҳо ба худ суол медоданд, ки оё дар ин хусус ошкоро ҳарф мезада бошанд, оё тарафҳо дар мазҳари ом вобаста ба ин мавзӯи доғ андешаҳояшонро мегуфта бошанд?
Ғайричашмдошти аҳли ҷомеа ва ВАО, ҳарду вазир фақат кӯтоҳ бобати ин масъала андешаҳояшонро гуфтанд. Ҳамин тавр, ба гуфти Сироҷиддин Мӯҳриддин, ҳукумати Тоҷикистон ба Русия бо дархости санҷидании то кадом андоза қонунӣ будани амалҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудааст.
“Санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бояд бо риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонамон сурат гиранд”,- қайд намуд вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Дар навбати худ, Лавров қайд намуд, ки ҳукумати Русия хело мӯшикофона ин ҳодисаҳоро пайгирӣ дорад ва Маскав дар масъалаи муҳоҷирон ҳама вақт кӯмакрасон аст. Ба ҳайси мисол Лавров дар бораи авфи якчандмаротибагии муҳоҷирон, ки аз ҷониби ҳукумати Русия дар солҳои охир дастгирӣ меёбад, гуфт.
Месазад қайд намоем, ки замони ташрифи Лавров бо санаи сафари вазири корҳои дохилаи ФР Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон мувофиқ омад. Ва Владимир Колоколтсев зимни сафараш гуфт, ки ҳини ана ҳамн гуна санҷишҳо дар як соли охир дар Русия имкони боздошти 270 нафар шахсоне, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пинҳон мегаштанд, пайдо шуд.
Иқтисод ва савдо
Зимни ташрифи Лавров ба муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо вақти на он қадар зиёд ҷудо карда шуда буд, барои он ки таи ду рӯз имконияти муносиби муҳокимаи додугирифти тарафайн (савдо) даст надода буд.
Аммо сафари дар миёнаҳои моҳи июн баргузормегардидаи ду ҷонишини сарвазир - Марат Хуснуллин ва Алексей Оверчук - эълон гардид. Воқеан, ин ду тан аз ҳукумати Русия дар сафарҳои қаблиашон дар Тоҷикистон якчанд созишномаҳои муҳими иқтисодӣ байни Русияву Тоҷикистон ба имзо расонида буданд ва зимни ин сафарҳои онҳо шартномаҳои якчандмиллионаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои алоҳидаи русиягиву тоҷикистонӣ низ баста шуда буданд.
Бо вуҷуди ин ҳама, самти кооператсияи иқтисодиёт ҳам аз назарҳо дур намонд. Масалан, Лавров изҳор дошт, ки Душанбеву Маскав “дар остонаи бастани чанд созишномаҳои муҳиманд“. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 бошад, гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар ба 1,4 млрд. доллар ё худ ба андозаи 18 % афзудааст. 25%-и савдои берунаи Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
*”Толибон” – ҳаракати радикалии таҳти таҳримҳои СММ қарор дошта
**Ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ