Дар Ҳиндустон таҳримҳои ИМА-ро як усули таҳдид номиданд

Роҳбари Алянси тиҷоратии Ҳиндустон бар ин назар аст, ки Иёлоти Муттаҳида Амрико таҳримҳоро ҳамчун як роҳи тарсонидани истифода мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Амрикоиҳо таҳримҳоро ҳамчун як абзори тарс истифода мебаранд, аммо онҳо наметавонанд рушди тиҷоратро боздоранд.
Дар ин бора Сэмми Котванӣ, президенти шарикии ғайритиҷоратии Indian Alliance ба РИА "Новости" изҳор дошт.
Ӯ дар посух ба ин савол, ки фишори таҳримҳои ИМА ба равобити тиҷории Маскав ва Деҳлии Нав таъсир мерасонад, гуфт агар мушкилот вуҷуд дошта бошанд, роҳҳои ҳалли онҳо вуҷуд доранд. Аммо тиҷоратро бо таҳримҳо баста намешавад.
"Таҳримҳо барои ман як "шӯхӣ" аст. Усулест, ки амрикоиҳо мехоҳанд мардумро тарсонанд. Барои тиҷорат таҳрим вуҷуд надорад, ҳамеша имконоти дигар, роҳҳо вуҷуд доранд. Вақте ки як дар баста мешавад, дигаре боз мешавад. Санксияҳо мисли хишт дар миёни роҳ, онҳо метавонанд суръат шуморо суст кунанд, аммо наметавонанд худи тиҷоратро боздоранд", - гуфт Котванӣ.
Ваъдаи Эрон барои мусоидат ба Русия дар шароити таҳримҳо
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки кишвар бо маҳдудиятҳои Ғарб рӯбарӯ хоҳад шуд, ки ҳамзамон аз ин кишварҳо дар бораи бенатиҷа будани чораҳои маҳдудкунанда фикру ақидаҳо борҳо шунида шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва сабукгардонӣ як стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи асосии раҳбарони ИМА ва шарикони онҳо бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.