ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ворид шуд.
Дар aурудгоҳи байналмилалии Душанбе, амири Қатарро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти кишвардор Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Меҳмони воломақом рӯзҳои 8 ва 9 июн дар Душанбе мемонад.
Ҳамзамон, як манбаъ аз Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар доираи ин сафар калонтарин масҷид дар пойтахт ифтитоҳ мешавад.
"Калонтарин масҷид, ки бо сармояи дуҷониба бунёд шудааст, бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ боз мешавад", - афзуд манбаъ.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.