ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Киностудияи "Точикфилм" ба наворгирии филми мустанад бахшида ба таъриху маданияти мардуми тоҷик шурӯъ мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии киностудия, филми ҷадидро коргардон Рустам Шоазимов, ки бо кораш дар филми “Худкушӣ” маъруфияти зиёд пайдо кард, меофарад.
Филми қаблии ӯ дар ҷашнвораҳои синамо дар Русия, ИМА, Олмон ва Ҷопон намоиш дода шуд ва дар он ҷо ӯ тавонист як қатор ҷоизаҳои бонуфузро ба даст орад.
Филми нави Шоазимов "Тоҷикон" ном дошта, саҳми мардуми тоҷикро дар рушди тамаддун ва фарҳанги ҷаҳонӣ тасвир мекунад.
Ин филм ба ҷуз аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ намоиш дода мешавад.
а гайр аз забони точикй, ин фильм ба забонхои русй ва англией низ намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, филми "Дов"-и коргардон Муҳиддин Музаффар дар ҷашнвораи XVI байналмилалии синамои Чебоксари Русия ду ҷоиза ба даст оварда буд.
Аз ҷумла, ӯ соҳиби Ҷоизаи интихоби тамошобин, инчунин ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёрӣ гардид.
Қаблан ин филм борҳо дар ҷашнвораҳои синамои хориҷӣ намоиш дода шуда, дар чаҳорчӯби ҷоизаи миллии синамои "Тоҷи Сомон" соҳиби ҷоизаҳои "Беҳтарин филми бадеӣ" ва "Беҳтарин нақши мард" гардид.