Тими миллии Тоҷикистон озими Бангкок шуд, то ба иқлим мутобиқ гардад

Дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бозӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - "U-17", ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ доранд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба хотири мутобиқ шудан ба иқлими маҳаллӣ, қабл аз анҷоми қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 мунтахаби наврасони кишвар (U-17) озими Бангкок шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон афзуд, ки тими наврасони кишвар дар пойтахти Таиланд ҷамъомади даҳрӯзаи тамринӣ, таҳти роҳбарии сармураббии тими миллӣ Раҳматулло Фузайлов мегузаронад.
Манбаъ зикр намудааст, ки Фузайлов ба тими мунтахаби наврасон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро ҷалб намудаст. Дар ҷамъомад даста дар реҷаи тамринии дукарата кор мекунад, афзуд ФФТ.
Футзалбозони тоҷик дар нахустин бозии Ҷоми миллатҳои Араб шикаст хӯрданд
Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё - 2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бозӣ мекунад.
Аз миёни рақибони тими Тоҷикистон нахуст бозӣ бо Чин сурат мегирад, ки 16 июн дар назар аст. Зӯрозмоӣ бо Арабистони Саудӣ санаи 19 июн ва Австралия рӯзи 22 июн дар ҷадвали бозиҳо қарор дорад.
Футболбозони тоҷик ду вохӯрии аввалро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронанд. Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.