Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард

Соҳибкор дар вилояти Хатлон бо кандани канали об беш аз 500 га заминҳоро обёрӣ карда, ният дорад дар оянда ин майдонро ба 2 ҳазор гектар расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар деҳаи Озодии ҷамоати шаҳраки "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, иттилоъ дода, афзуд, ки маросими ба истифода додани заминҳои нав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хатти оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ гузаронда шудааст.
Таъкид шудааст, ки бо сармоягузории соҳибкор аз дарё то заминҳои ҷадид канал канда шудааст.
Дарозии канал ҳудуди 3,5 километрро ташкил дода, ҷамъоварии об дар обанбори масоҳаташ 40х40 м роҳандозӣ шудааст.
Мақомоти Панҷакент ба кормандони давлатӣ барои кишти картошкаву сабзавот замин дод
"Баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 2 адад дастгоҳи обкашӣ тариқи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000 га замин бароварда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, соҳибкор Убайдуллозода барои татбиқи ин лоиҳа 12,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000 га заминҳо мебошад. Айни замон хати оби полезӣ 500 га заминҳоро обёрӣ мекунад.