Эрон маркази газӣ месозад

Мақомдорони Эрон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди халиҷи Форс бо иштироки давлатҳои Русия, Туркманистон ва Қатар як маркази газӣ бунёд кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эрон бо ширкати Русия, Туркманистон ва Қатар талош дорад, ки як маркази газӣ бунёд кунад.
Ин нуктаро вазири нафти Эрон Ҷавод Оуҷӣ баён дошта, зарфияти кишварашро дар ин самт бузург арзёбӣ кардааст, навиштааст хабаргузории ISNA.
Вай афзудааст, ки дар назар аст, маркази газӣ дар минтақаи саноатии Асалуё дар устони Бушаҳри ҷанубии Эрон, воқеъ дар соҳили Халиҷи Форс бунёд карда шавад.
"Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 33 триллион метри мукааб захоири истихроҷшавандаи газ, аз рӯи захираи ин манобеъ дар ҷаҳон дар ҷои дуввум аст", - изҳор доштаст вазир.
Эрдуғон ваъда дод, ки тарҳи пешниҳодии Путинро амалӣ хоҳад кард
Ӯ илова намудаст, ки саъй доранд, бо кумаки Русия, Туркманистон ва Қатар, халиҷи Форс ва Асалуяро ба як маркази газ табдил диҳанд.
Вазир дар бораи ин лоиҳа ҷузъиёт надод ва танҳо қайд кард, ки ҳоло корҳои зарурӣ ва банақшагирӣ анҷом дода мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан раисҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон низ дар ҳамкорӣ бо Русия аз ташкили хаби газӣ хабар дода шуд.
Вай баъди пирӯзияш дар интихоботи президентӣ ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия ваъда дод, ки ба татбиқи лоиҳаи маркази газӣ бо Русия бармегардад.