ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистонро дар мавриди афви муҳоҷирони корӣ иҷро мекунад.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар пайи мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт.
"Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Мо ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем", - гуфт дипломат.
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия афзуд, авфи ахири муҳоҷирони корӣ 120 ҳазор нафарро фаро гирифт, ки бо вуҷуди қонуншикании маъмурии содиршуда ба ҳуқуқи худ барқарор шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон тайи чанд ҳафтаи ахир борҳо аз дарёфти иттилоъ дар бораи боздоштҳои дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ карданд.
Вазири Русия таъкид кард, ки дар ҷаласаи мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи сешанбе баргузор мешавад, бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ шуда бошад.