Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" ба қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ омода мекард

Мақомоти иктишофии Украина кӯшиш кард, ки бо кӯмаки халабонҳои ҳавопаймоҳои сабукаш ба вилоятҳои Брянск, Тула ва Иваново ҷузъҳои бомбаҳоро интиқол диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хадамоти иктишофии низомии Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" дар Русия нақшаи як ҳамлаи террористиро дошт, хабар медиҳад, Хадамоти федеролии амнияти Русия.
Хадамоти истихборот шарҳ дод, ки ин нақшаҳо ҳангоми тафтиши кӯшиши тахрибкорӣ дар фурудгоҳи "Северний" дар вилояти Иваново маълум шуданд, ки Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ният дошт ҳавопаймоҳои дурпарвозро вайрон кунад.
"Аз ҷумла, нақшаи интиқол ва гузоштани бомбаҳои ба истилоҳ "ифлос", ки бо таймерҳои таъхиркунанда муҷаҳҳаз шудааст, барои ҳамзамон вайрон ва корношоям кардани минтақа барои зисти одамон таҳия шудааст",- гуфт манбаъ.
Барои ин, раиси Хадамоти иктишофии низомии Украина Кирилл Буданов як воҳиди дорои ҳавопаймоҳои сабукрав таъсис дод, ки бояд гурӯҳҳои тахрибкор ва иктишофӣ дар Русияро бо силоҳ таъмин кунад ва инчунин ба иншооти инфрасохтори сӯзишворӣ ва энергетикӣ зарба занад.
Ҳамоҳангсозии истифодаи ҳавопаймоҳои сабук ба қисми ҳарбии рақами 3449 бо номи рамзии "Легион", ки ба ҳайати ХИНУ дохил мешавад, вогузор шудааст.
"Ин воҳид аз аввали сол ба Русия панҷ парвозро ба нақша гирифта ва анҷом додааст, ки дар ҷараёни он ба иншооти маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ дар манотиқи ҳаммарзи Русия бо Украина осеб диданд", - афзуд ХФАР.
Лавров: Русия бовар дорад, ки Киев омодаи истифодаи "бомбаи касиф" мебошад - видео
Дар натиҷаи амалиёти вижа мақомоти амниятӣ ду халабонро боздошт карданд, ки ба гуноҳашон иқрор шуданд.
Яке аз онҳо гуфт, аз ҷумла имкони интиқоли зарядҳои хурди сайёри ҳастаӣ ба Русия баррасӣ шудааст.
"Бомбаи ифлос" контейнерест, ки дорои изотопҳои радиоактивӣ ва заряди тарканда аст. Ҳангоми таркидани зарф мешавад ва пуркунии радиоактивй бо мавчи зарба пошида, майдони калонро ифлос мекунад.
Ҳангоми таркиш контейнер нобуд мешавад ва пуркунии радиоактивӣ бо мавҷи зарба пошида мешавад, ки майдони калонро ифлос мекунанд.