ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон пурмаҳсул буда, тамоми самтҳои калидири фаро мегирад.
Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколсев зимни ҷаласаи ҳайати мушовара бо ҳамтои тоҷикаш, Рамазон Раҳимзода баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Русия, Колоколсев гуфт, дар самти пешгирӣ ва ошокорсозии ҷинояткориҳо таҷрибаи назарраси амалӣ миёни мақомоти ду кишвар ташаккул ёфтааст.
"Дар натиҷаи тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли равон соли ҷорӣ, пулиси Русия беш аз 270 нафарро ошкор карданд, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти таҳқиб қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Сардори Вазорати корҳои дохилии Русия таъкид кард, ки дар шароити муосир мукаммалӣ ва сифати ташхис, истифодаи усулҳои инноватсионии бештар ташаккули заминаи далелҳоро пешакӣ муайян мекунад.
Колоколсев инчунин аз ҳамкориҳо дар бахши ташхисоти судӣ ва таҳқиқот гуфтааст.
Вазир изҳор доштааст, ки дар асоси дархостҳои воридшуда дар маҷмӯаҳои додаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия 324 нафар муайян карда шуданд, ки дар ҷойи ҷиноят дар Тоҷикистон изи даст гузоштаанд.
Ӯ хостори таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткориҳо ва табодули иттилою таҷриба шудааст.