Ваъдахилофиҳои НАТО ва режими Киев, муносиботи Тоҷикистону Русия, вазъият дар Афғонистон, ҳамгироӣ ҳамкорӣ дар доираи созмонҳо аз ҷумлаи мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Сергей Лавров бо донишҷӯён дар Душанбе буданд.
Вазири умури хориҷии Русия дар Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе изҳор дошт, НАТО ваъдаҳои додааш ҳанӯз ба ҳукуматдорони шӯравиро дар мавриди паҳн нашудан ба шарқ вайрон карда, амнияташро аз ҳисоби амнияти дигарон таъмин мекард.
Лавров дар мавриди муносиботи Душанбею Маскав изҳор дошт, ки бисёриҳо мехоҳанд ин равобитро халалдор кунанд, аммо муваффақ нахоҳанд шуд, чун Тоҷикистону Русияро дӯстию равобити хуби анъанавӣ пайваст мекунад.
Дипломат дар мавриди амалиёти низомӣ гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод.
Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ояндаи ҷаҳонӣ аст, ки бисёрқутбӣ мешавад ё на.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз амният то тиҷорату сиёсат аз масоили муҳими мулоқотҳояш мебошад.