Тавсифи президенти UFC аз мухлисони Тоҷикистон

Ҳар боре размикоре аз кишварҳое ба ном "истонҳо" майдондорӣ мекунанду шӯру мухлисони атрофи он зӯрозмоӣ хеле баланд аст ва ин хуб мебошад, гуфт президенти UFC
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Мухлисони тоҷикистонӣ нимашаб дар майдонҳо ҷамъ мешаванду аз тариқи экрани бузург сабқати размикорҳояшонро тамошо мекунанд.
Ин нуктаро дар посух президенти Ultimate Fighting Championship, Дана Уайт зимни нишасти матбуоӣ дар посух ба суол дар мавриди мухлисони тоҷик изҳор дошт.
Дана Уайт дар бораи вохӯрӣ бо мухлисони тоҷик дар Ню-Йорк қисса кард, ба наздаш омада аз ҳунари размикор Муҳаммадҷон Наимов барои ӯ тавсиф намуданд.
"Дар Ню-Йорк қарор доштам, чун рӯзи хубе буд, ба боғ ба сайругашт баромадам, гӯруҳе аз бачаҳои тоҷикистонӣ ба наздам омада, аз Наимов гуфтанд", - зикр намуд Дана Уайт.
Устопириён барандаи медали тило ва Раҳимов соҳиби нишони нуқра гардид
Вай аз мухлисони тоҷикистонӣ тавсиф намуд, ки размикорони худро дастгирӣ мекунанд, ки ин хеле хуб аст. Ба гуфтаи Дана Уайт, ҳар муҳориба бо иштироки размикор аз кишварҳое "истон"- ҳо бо шӯру шавқ мегузарад.
Ахиран размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC Vegas 74 рақиби австралиягияашро ба нокаут фиристод. Наимов дар нахустин сабқаташ дар UFC дар даври дуюм бо як зарбаи дасти рост, размикор аз Австралия, Ҷейми Малларкиро аз пой зад.
Размикори дигари тоҷик, Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC бо тасмими якдилонаи доварон ба Ҷон Кастанедаи амрикоӣ сабқатро бохт.