ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Русия созишномаҳои умумиеро, ки дар доираи ОПЕК+ вуҷуд доранд, иҷро хоҳад кард.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков дар шарҳи тасмими созмон дар бораи коҳиши мизони истихроҷи нафт изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин формат барои таъмини субот дар бозорҳои байналмилалии энержӣ хеле муҳим аст.
"Русия иштирокчии ин тавофуқи муштарак аст. Формат кори худро идома медиҳад, тавофуқҳои муштараке ҳастанд, ки албатта ҳама пайравӣ хоҳанд кард", - изҳор дошт ӯ.
Эътилофи ОПЕК+ дар пайи нишасти рӯзи 4 июн тамдиди тавофуқро барои соли оянда эълон кард.
Ҳамчунин, кишварҳои узви ин иттиҳодия қасд доранд, ки дар соли 2024 мизони ҳадафгузоштаи истихроҷи нафтро дар як шабонарӯз то 1,4 млн бушка коҳиш диҳанд.
Илова бар ин, коҳиши иловагии ба истилоҳ ихтиёрии истихроҷ аз ҷониби кишварҳои алоҳида идома дорад ва ҳатто то соли 2024 мавқуф гузошта мешавад.
Аз ҷумла Русия ва Арабистони Саудӣ - ҳар кадом 500 ҳазор бушка дар як рӯз коҳиш хоҳад дод. Дар зимн Риёз коҳиши нафтро барои моҳи июл ба 1 млн бушка дар як рӯз бо эҳтимоли тамдид эълон кард.