ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Кормандони муассисаи "Нигоҳдории роҳҳои мошингард"-и ноҳияи Ховалинг ба таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов шуруъ намуданд.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, таъмиру тармими роҳ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда истодааст.
Зикр гардид, 25 километри роҳи мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида буд, бар асари офатҳои табиӣ қисматҳои алоҳидаи он аллакай хароб гардидаанд.
Таъкид шуд, ки ба роҳсози барқарорсозии он техникаи муосир ва мутахассисони хуби роҳсоз ҷалб шудаанд.
Аз қавли масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оварда шудааст, ки дар баробари барқарорсозӣ ва таъмири роҳ дар ин самт, новаҳои обгузар ва ҷуйборҳои канорӣ низ таъмир мегарданд.
"Ба истифода супоридани қитъаи роҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати Шугнов бо нақлиёти сабукрав ба маркази ноҳия ва пойтахти мамлакат сафар намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар оянда мумфаршкунии пурраи роҳи мазкур то маркази Ҷамоати деҳоти Шугнов ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъат ёфта, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ иншооти мухталиф таъмиру тармим гардида, инчунин бо иштироки мақомдорону сокинон ҳашар ташкил карда мешавад.