Номзад ба мақоми президентии ИМА хостори "гузаштҳои бузург" ба Русия шуд

Номзад ба мақоми президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хостори гузаштҳои бузург ба Русия шуда, гуфтааст, ки Кохи Сафед бояд сари Чин тамаркуз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. ИМА бояд Украинаро маҷбур кунад, ки ба Русия гузаштҳои ҷиддӣ кунад, то муноқишаро хотима диҳад ва ба Чин тамаркуз кунад.
Дар ин бора номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Вивек Рамасвами зимни суҳбат дар дар телевизиони ABC News хабар дод.
"Ман фикр мекунам, ки мо бояд ба ҷангҳо дар Украина бо шартҳои сулҳомез хотима диҳем, ки бояд ба Русия гузаштҳои ҷиддӣ кунад", - гуфт ӯ.
Рамасвамӣ изҳори итминон кард, ки таҳдиди аслӣ барои Иёлоти Муттаҳида Чин аст ва Вашингтон, ба ақидаи ӯ, бояд ба зудӣ ба низои Украина хотима диҳад.
Сиёсатмадор аз Иёлоти Муттаҳида даъват кард, ки уҳдадор шавад то Украинаро ба НАТО роҳ надиҳад, агар ин дасти Вашингтонро дар Аврупо барои муқобила бо Пекин дар Осиё боз кунад.
"Чин ишора мекунад, ки ба Тайван меравад, ба манфиати ИМА нест, ки дар як вақт бо ду абарқудрати ҳастаӣ даргир шавад", - гуфт ӯ.
Кори раисиҷумҳури Амрико, гуфт Рамасвамӣ, пеш аз ҳама дунболи манфиатҳои Амрикост, ки ба ақидаи ӯ, маблағгузории муноқишаи Украинаро дар бар намегирад.
ВАО: Чин пешниҳоди ИМА дар бораи мулоқоти вазирони дифоъро рад кард
Вивек Рамасвамӣ, як соҳибкори зодаи Ҳиндустон, моҳи феврали соли ҷорӣ номзадии худро эълон кард ва гуфт, ки муқовимат бо он чизе, ки ӯро таҳдиди аслӣ ба Иёлоти Муттаҳида, Чин медонад, авлавияти аввалиндараҷаи ӯ аст.
Сиёсатмадор бояд барои ҳаққи номзад шудан аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо президенти пешин Доналд Трамп, губернатори Флорида Рон ДеСантис ва собиқ намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейли мубориза барад.
Доналд Трамп борҳо гуфта буд, ки дар сурати интихоб шуданаш метавонад дар як рӯз ба низоъ дар Украина хотима бахшад, дар ҳоле ки волии Флорида ДеСантис бар ин назар аст, ки хотима додан ба муноқиша як манофеи муҳими стратегии ИМА нест ва вазъро "баҳси қаламравӣ" тавсиф кардааст.
Никки Ҳейлӣ ҳамчунин дар бораи равобит бо Русия ҳарф зада, аз зарурати бастани иттифоқ бо Маскав изҳор дошт, вале баъдан аз суханони худ даст кашид.