ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши РИА Новости, ҳавопаймои ҳомили вазири корҳои хориҷӣ дар Душанбе фуруд омад. Сафари расмии Лавров дар Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 июн идома хоҳад дошт.
Ба иттилои манбаъ, Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Душанбе, бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷии кишвар, Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад кард.
Интизор меравад, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ кунанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бисёрҷониба, аз қабили СААД, ИДМ, СҲШ ва СММ дар назар аст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ мекунад.
Дипломати рус инчунин дар муаррифии маҷмӯаи китоби "Нависандагони классикаи рус ва православия" иштирок намуда, аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Лавров изҳор дошт, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.