ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон президенти феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба ҳайси номзад ба раҳбарии ҷумҳурӣ дар давраи оянда сабти ном кард.
Ба иттилои КМИ, ҳамаи 4 номзаде, ки аз аҳзоби Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, расман ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.
Интихоботи пеш аз мӯҳлати президенти Ӯзбекистон 9 июл баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл баргузор хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон аввали июн анҷом ёфт.
Тибқи қонуни интихобот, аҳзоби сиёсие, ки дар кишвар на дертар аз чаҳор моҳи пеш аз эълони маъракаи интихоботӣ расман сабти ном шудаанд, ҳақ доранд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8 май раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро имзо кард. Ин нахустин интихоботи раёсатҷумҳурӣ пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ, ки мӯҳлати ваколати раисиҷумҳурро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад, хоҳад буд.