Бештарин медалҳои "Dushanbe Grand Prix 2023"-ро варзишгарони Русия гирифтанд

Намояндагони мунтахаби Федератсияи Русия "Dushanbe Grand Prix 2023" дар маҷмуъ11 медал, ба даст овардаанд, ки болотар аз ҳам мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Варзишгарони Русия аз рӯи натоиҷи марҳилаи Гран-при дар Тоҷикистон ғолиби ҳисоби умумидастаии ғайрирасмӣ гардиданд.
Натиҷаҳои мусобиқаҳои гузашта, ки федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ эълон кардааст, ба ин шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ Русия 11 медал, аз ҷумла 5 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардааст.
Ҷойи якум ба инҳо дода шуд:
Алеся Кузнецова дар вазни то 52 кг,
Рамазон Абдулаев (то 60 кг),
Маҳмадбек Маҳмадбеков (то 73 кг),
Матвей Каниковский (то 100 кг),
Тамерлан Башаев (зиёда аз 100 кг).
Инҳо бошанд, ҷойҳои дуввумро гирифтанд:
Сабина Гилёзова дар вазни то 48 кг,
Мурод Чопанов (то 66 кг),
Элдар Оллоҳбердиев (то 90 кг),
Ниёз Билолов (то 100 кг).
Устопириён барандаи медали тило ва Раҳимов соҳиби нишони нуқра гардид
Ҷойи сеюмро Александра Бабинтсева дар вазни то 78 кг ва Даря Владимирова дар вазни беш аз 78 кг гирифтанд.
Пас аз варзишгарони Русия Тоҷикистон низ бо касби 3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ бартарӣ дорад.
Сегонаи беҳтаринро мунтахаби Олмон бо 1 медали тилло ва 2 нуқра бастааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 28 март кумитаи иҷроияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба федератсияҳои варзишӣ тавсия дода буд, ки ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷоза диҳад, ки дар мусобиқаҳо танҳо дар мақоми бетараф ширкат кунанд.