Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Эрдуғон киро фиристод?

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури мақомдорони баландпояи хориҷӣ ва вакилони мардумию мансабдорони Туркия савганд ёд карда, барои даври дигар президент шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба маросими савгандёдкунии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба ҳайси роҳбари тозаинтихоби Туркия, сарвазири кишварро фиристодааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар маросими савгандёдкунии Эрдуғон дар Анқара иштирок намуд.
Дар ин маросим дар баробари мақомдорони Туркия инчунин роҳбарони баландпояи кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Русияро дар маросим, раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин намояндагӣ кард.
Ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон протоколи Шӯрои олии интихобот дар бораи пирӯзӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия супурда шуд ва пасон Эрдуғон дар Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард ва расман ба курсии президентӣ такя зад.
Эрдуғон савганд ёд кард ва расман кишвардори Туркия эълон шуд
Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки 28 май сурат гирифт, беш аз 52 дарсади орои мардумро ба даст овард. Рақиби ӯ, номзади аҳзоби мухолиф, Камол Қиличдароғлу наздики 48%-и ороро соҳиб шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон пирӯзияшро шодбош гуфта, онро натиҷаи сиёсати созандаи ӯ хондааст.
Вай дар идома ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар давраи нави фаъолияти Эрдуғон муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома дода, ба нафъи ҳарду ҷониб муносибатҳоро ба сатҳи нав хоҳанд расонид.