Хунсупорӣ дар "Нур" барои кумак ба ниёзмандон - видео

Супоридани хун ё рӯзи донор дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" дар Маскав аз сӯи диаспораи тоҷикони муқими пойтахти Русия ба ҳукми анъана даромадаст
Sputnik
Чорабинии хайриявии рӯзи донори хун дар созмони ҷамъиятии "Нур" теъдоди зиёди одамонро дар дафтари ин созмон гирди ҳам овард.
Дар ташкилоти ҷамъиятии "Нур" маъракаи солонаи "Рӯзи донори хун" ҳамасола баргузор мешавад. Ҳама имкон доштанд омада, аз муоинаи пешакӣ гузаранд ва донор шаванд.
Ташкилкунандагон мегӯянд, ин чорабинӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва хоҳишмандони кумак ба ниёзмандон майли афзоиш доранд. Махсусан дар давраи пандемия, ки талабот ба хун бештар шуда буд.
СҶБ: Пандемияи коронавирус анҷом ёфт
Бархе аз иштирокчиёни чорабинӣ бо дӯстону бархеи дигар бо аҳли оилаашон омадаанд, то саҳмашонро дар кори нек гузоранд. Онҳое мегӯянд, хунашон метавонад боиси наҷоти касе гардад ва дар ин кори муҳим дасткӯтоҳӣ набояд кард.
Аксияи хайриявии "Рӯзи донор" дар диаспораи тоҷикони созмони ҷамъиятии "Нур" дар якҷоягию ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустии шаҳри Маскав сурат мегирад.
Созмондиҳандагон нақша доранд, ки чунин чорабиниҳоро бештар баргузор намоянд.
Дар ин корҳо мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури баланди иҷтимоӣ дар хоҳиши ҷалб шудан ба ҷомеа ва кумак ба одамон арзишҳое мебошанд, ки иштирокдорони маъракаро ба он ҷалб кардаанд.