ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тоҷикистонро дар рӯзи охири "Гран При Душанбе - 2023" дар 3 вазн миёни мардҳо 12 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо Тоҷикистон, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов дар вазни то 90 кг ба майдон мебароянд.
Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Раҳматулло Мирзоев, Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳимҷон Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов дар вазни зиёда аз 100кг майдондорӣ хоҳанд кард.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҷадвали набарди ҷудокорони тоҷик дар ин вазнро чунин нишон дод:
Комроншоҳи Устопириён - дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Озарбойҷон ва IJF
Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври дуюм бо намояндаи Исроил
Ҳақназар Назаров дар даври аввал бо ҷудокори ӯзбек
Акмал Муродов дар даври дуюм бо намояндаи Олмон
Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов, ки аз 100 кг бештар вазн доранд, ҳарду муборизаро аз даври дуюм оғоз мекунанд.
Раҳимов бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитсий (IJF) ва Исломбек Равшанқулов аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Мирмамадов бо ҷудокори озарӣ нерӯ месанҷад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мусобиқаи байналмилалии мазкур дар Душанбе садҳо варзишкорро аз зиёда аз 40 давлати дунё ба ҳам овард.