ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ҳайати вакилони Русия, таҳти раёсати раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Василий Пискарев дар Тоҷикистон қарор доранд.
Зимни мулокот таъкид карда шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва дӯстии самимӣ фарқ мекунанд, афзуд манбаъ.
"Сарони ду давлат дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии амиқ ва густариши равобити дуҷониба тобиши вижае гузошта, ба ҳамкориҳои дуҷониба мақоми шарикии стратегӣ додаанд", - омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла наздик будани мавқеъҳои Душанбе ва Маскав аз рӯи қариб ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ таъкид гардид.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин наздикӣ имкон медиҳад, мушкилоте, ки ба таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ нигаронида шудаанд, ҳам дар формати дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ – СММ, ИДМ, СААД, СҲШ бомуваффақият ҳаллу фасл шаванд.
"Солҳои охир робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия низ ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Зокирзода таъкид намудаст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро як ҳалқаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморад, ки тадриҷан ба сатҳи сифатан нав бароварда хоҳанд шуд.
Дар баробари ин ҳайати русиягӣ бо вакилони дигари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот карда, таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд.