ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Издиҳоми олмониҳо ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Фолкенсеи канслери Олмон Олаф Шолсро таҳқир карданд.
Ин ҳодиса дар ҷашнвораи Ҳизби сотсиал-демократи Олмон рух дод, менависад рӯзномаи олмонии Bild.
Тамошобинон ӯро ба барангехтани ҷанг айбдор карданд. Наворҳои ин чорабинӣ нишон медиҳанд, ки ҳудуди сад нафар ҳангоми суханронии сиёсатмадор ӯро “дурӯғгӯ” ва “бандит” унвон мекунанд.
Садри аъзами Олмон саъй кард, ки ба ҳозирин далелҳоро дар бораи зарурати кумак ба Украина бирасонад, аммо суханронии ӯро издиҳом бо доду фарёд халалдор кард.
Рӯзнома қайд мекунад, ки тазоҳуркунандагон парчамҳои ҷаҳонро баланд бардошта, дар баъзе аз онҳо рамзҳои Русия дида мешуданд.
Қаблан, Олаф Шолтс ҳангоми сафараш ба Таллин гуфта буд, ки Олмон ба ҳимояти Украина "то даме, ки лозим аст" идома хоҳад дод ва "ин тасмим устувор аст".