Кубан ният дорад ба бозорҳои Тоҷикистон маҳсулот ворид кунад

Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфт, гардиши мол миёни ҷумҳурӣ ва Краснодар тибқи маълумоти соли гузашта, 21% афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо як сафари корӣ аз Краснодар дидан кард.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар хабар дод.
Бар хабари манбаъ, дипломати тоҷикро раиси вилоят Вениамин Кондратев ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
Тоҷикистону Доғистон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш медиҳанд
Чунон ки губернатор дар рафти гуфтушунид қайд кард, соли гузашта муомилоти мол байни Кубан ва Точикистон 21 % афзуд.
Дар баробари ин ҳар ду тараф мутмаинанд, ки барои афзоиши ин рақам иқтидори қиддӣ мавҷуд аст.
"Мо бояд ин равандро фаъол созем, ба соҳибкорон нуқтаи ибтидоӣ диҳем ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро якҷоя ба роҳ монем. Барои ин ман пешниҳод мекунам, ки табодули миссияҳои тиҷорӣ анҷом дода шавад", - гуфт Кондратев.
Ба гуфтаи ӯ, минтақа ба пешниҳоди маҳсулоти хушсифати Кубан ба бозори Тоҷикистон манфиатдор аст.
Гулмаҳмадзода ёдовар шуд, ки аллакай беш аз 300 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ бо Русия ба имзо расидааст.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар самти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тандурустӣ, кишоварзӣ ҳамкории бештар ба роз моннанд. Қаблан сафири Тоҷикистон бо Сергей Меликов, раиси ҷумҳури Доғистон, дурнамои густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карда буд.