ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон протоколи Шӯрои олии интихобот дар бораи пирӯзӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия супурда шуд ва пасон Эрдуғон дар Маҷлиси бузурги миллии Туркия савганд ёд кард ва расман ба курсии президентӣ такя зад.
Протоколи пирӯзиро ба роҳбари Туркия раиси Ҳизби Ҷунбиши Миллӣ ва вакили аршад Девлет Бахчелӣ супурд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, Баъд аз савганд ёд кардани Эрдуғон ва расман таъйин шудан ба ин мақом суруди милии Туркия садо дод.
Зимнан, Эрдуғон оромгоҳи Отатурк (Аниткабир) зиёрат намуд. Номзади ягона аз “Эътилофи ҷумҳуриявӣ” таҳти раҳбарии Ҳизби ҳокими Адолат ва Рушд Эрдуғон дубора раисиҷумҳури Туркия интихоб шуд.
Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентӣ, ки 28 май сурат гирифт, беш аз 52 дарсади орои мардумро ба даст овард.
Рақиби ӯ, ягона номзад аз Ҳизби Халқии мухолифи давлат Камол Қиличдароғлу 47,82 дарсади ороро соҳиб шуд.