ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар даъвати баҳории наваскарон буданд шаҳрвандоне, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд.
Ин нуктаро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри як эълом баён дошта, аз паёмадҳои он ҳушдор додаст.
"Айни ҳол рӯйхати онҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон чораҳои қонунӣ андешида мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зикр намуд, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби ихтиёриён майли афзоиш дорад.
Ҷавононе, ки бо гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, хело зиёд аст.
Қаблан вазири мудофиаи Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо ба масъулин дастур дода буд, ки камбудиҳоро ислоҳ намоянду ҳамкориро бо мардум дар ин самт таҳким бахшанд.
Ахиран ин ниҳод гузориш дод, ки нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар соли равон 100% иҷро шуд.
Ба иттилои манбаъ, даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005, ки моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид.