ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ дар соли равон 100% иҷро шуд, иттилоъ дод Вазорати мудофии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005, ки моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид.
"Масъулини комиссияҳои даъватии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт бошад, то охири моҳи апрели соли равон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати мудофиа афзуд, ки бо ҳамин тартиб то 31-уми майи соли 2023 вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, афзоиш ёфтааст.
Вазорат зикр намудааст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад.
Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши миллӣ аз 1 апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад. Даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба поён мерасад.