ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои маркази таълими наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон таҷҳизот ва симуляторҳо медиҳад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуоти ин вазорат хабар медиҳад.
"Роҳбарияти Русия ташаббуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ФР ҷиҳати муҷаҳҳаз кардани марказ бо таҷҳизот ва симуляторҳоро дастгирӣ намуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Русия қасд дорад, барои кормандони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, таҷҳизоти ҷадиди заруриро таъмин кунад.
Вазорати ҳолатҳои фавқулода қайд кард, ки дар шароити мураккаби вазъи байналмилалӣ сохторҳои наҷоти ду кишвар ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба таври мунтазам густариш медиҳанд.
Пуштибонии ҳамкорони русӣ боз як "намунаи дурахшони чунин ҳамкорӣ" маҳсуб мешавад.