Интизороти Раҳмон аз натоиҷи баланди ҷудокорони тоҷик дар Гран-прии Душанбе-2023

Ин андешаро президент дар мулоқот бо роҳбари IJF дар остонаи як чорабинии муҳими варзишӣ оид ба ҷудо, ки ин дафъа ҷумҳурӣ мизбони он аст, изҳор дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер мулоқот кард.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раҳбари кишвар.
Президенти кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон алоқаманди ҳамкории самарабахш бо Федератсияи байналмилалии ҷудо аст.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ идома ёфта, ҷудои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил хоҳад шуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Ҳаҷми фонди ҷоизаи Гран При Душанбе - 2023 оид ба ҷудо маълум шуд
Таъкид гардид, ки мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран Прии Душанбе-2023, ки бори аввал аз тарафи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат доир мегардад, натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард.
Гуфта мешавад, дар мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалии Гран Прии Душанбе-2023, ки дар солгарди 50-уми Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор мегардад, 500 варзишгар аз 45 давлати олам иштирок хоҳад намуд.
Зикр шудааст, ки пойтахти Тоҷикистон— шаҳри Душанбе барои баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ омода буда, барои рушди риштаи гуштини ҷудо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар ин бахши варзиш гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.