ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Мақомоти ғарбӣ мутмаинанд, ки Киев дар паси чандин ҳамлаҳо ба қаламрави Русия қарор дорад, бо вуҷуди ин ки мақомоти Украина даст доштани онҳоро рад мекунанд, менависад Financial Times.
"Бо вуҷуди радди оммавии мақомоти Украина дар бораи ҳамлаҳо ба қаламрави Русия, мақомоти ғарбӣ мутмаинанд, ки Киев дар паси чанд амалиёт дар қаламрави Русия қарор дорад", - зикр шудааст дар матлаби ин рӯзнома.
Тавре Financial Times менависад, ҳамлаҳои ахир ба қаламрави Русия нигарониҳои ҷонибдорони ғарбии Украинаро ба бор овардааст, ки борҳо таъкид кардаанд, ки Киев аз силоҳи НАТО ба Украина барои ҳама гуна ҳамлаҳо ба қаламрави Русия истифода накунад.
Қаблан, Вазорати дифои Русия хабар дод, ки режими Киев рӯзи сешанбеи 30 май ба пойтахти Русия якбора бо чанд ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳамла кард.
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи он тавассути системаи мудофиаи ҳавоӣ нобуд карда шуданд.
Дар ҳамла ба пойтахт ва вилояти Маскав ҳашт дастгоҳи бесарнишини навъи ҳавопаймо ширкат доштанд. Ҳамаи онҳо нобуд карда шуданд.
Се тои онҳо тавассути дастгоҳи электронӣ пахш карда шуданд, онҳо назоратро аз даст доданд ва аз ҳадафҳои пешбинишуда дур шуданд.
Панҷ ҳавопаймои бесарнишини дигар низ аз ҷониби системаи мушакӣ ва силоҳи зиддиҳавоии "Пантсир-С" дар вилояти Маскав сарнагун карда шуданд.