Нақшаи табдили Ҳисор ба шаҳри биноҳои осмонбӯс

Дар Ҳисор бо иштироки роҳбарияти шаҳр маросими гузоштани санги асоси бинои истиқоматии 16-қабата баргузор гардид, иттилоъ дод шаҳрдорӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Ҳисор даҳҳо биноҳои баландошёна ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрҳории Ҳисор, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ сохтмони бинои истиқоматии 16-қабата оғоз гардида, дар назар аст, соли 2026 мавриди истифода қарор дода шавад.
Таъкид гардид, ки бино аз 168 хонаи истиқоматӣ иборат буда, дар ошёнаи якуму дуюм марказҳои савдою хизматрасонӣ бо назардошти даҳҳо ҷойи кори доимӣ ҷой дода хоҳанд шуд.
Ҳушдори Рустами Эмомалӣ аз заминҷунбиҳо ва таъкидаш ба Раҳмон барои назорати сохтмонҳо
Роҳбарияти шаҳр зимни суҳбат бо сохтмончиён зикр намуд, ки иншоот дар кӯчаи асосии шаҳр бунёд мешавад бояд бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ба намои зоҳирӣ ва сифати маҳсулоти истифодашаванда диққати махсус дода шавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳукумати Ҳисор азм дорад, ки то соли 2026 - 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хидматрасонӣ бунёд кунад.
Дар зимн аз эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ зикр гардида, таъкид гардид, ки масъулин бояд барои ҳалли он тадбир андешанд.