Ҷудокорони ӯзбек барои иштирок дар Гран Прӣ ба Душанбе сафар карданд

Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон мегӯяд, ба ҳайати ин кишвар 14 ҷудокор - ҳафт мард ва ҳафт зан шомил гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Чордаҳ ҷудокори ӯзбек барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе ба Тоҷикистон сафар карданд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар дода, афзуд, ки ҳайати кишварашон аз 14 ҷудокор иборат аст, ки ҳафт нафари онҳо мард буда, боқимонда бонувони ҷудокор ҳастанд.
Мусобиқаи байналмилалӣ аз 2 то 4 июни соли равон бо ҳузури беш аз 300 варзишгар дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Қаблан аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон фонди ҷоизаҳои ин мусобиқаро 100 000 доллар арзёбӣ карданд.
Ҳаҷми фонди ҷоизаи Гран При Душанбе - 2023 оид ба ҷудо маълум шуд
Манбаъ афзуд, ки ширкаткунандагон барои ҷои аввал 3000 доллар (як ҷудокор 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар) дарёфт хоҳанд кард.
Ҷойи дуюм дар чемпионати бонуфуз 2000 доллар (як ҷудокор 1600 доллар ва мураббӣ 400 доллар) арзёбӣ мешавад.
Барои ҷойи севум - ҳазор доллар (ҷудокор 800, мураббӣ 200 доллар).
То имрӯз барои ширкат дар ин мусобиқот 319 варзишгар аз 43 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.