Русия ва Белорус дар самти технологии коркарди маҷмааҳои лазерӣ аз ҷумлаи пешсафҳо мебошанд.
Мутахассисони русиягиву беларусӣ лазери ҷангии иқтидораш калонро якҷоя дар маркази минскии илмӣ-техникии “ЛЭМТ” ва дар ду институти илмӣ-тадқиқотии номбарнашудаи Маскав таҳия намуда истодаанд.
Дар назар асит, ки лазери иқтидораш 100 кВт дар давоми 2 сол омода карда мешавад ва он барои маҳвсозии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар масофаи даҳҳо километр пешбинӣ карда шудааст. Соли 2023 бошад таҳиягарон ният доранд аллакай тимсоли кории онро пешниҳод намоянд.
Барнома комилан воқеист
Мутахассисони иттиҳодияи беларусии “ЛЭМТ” таҷрибаи сохтани лазерҳои иқтидорашон хурдро (30 кВт) доранд, ки онҳо аз санҷиш дар шароити ҷангӣ дар Шарқи наздик бомуваффақият гузаштанд.
Маҷмааҳои намуди муҳаррик ва ҳам беҳаракат бесарнишинҳои душманро мустақилона дар масофаи то 15 км ошкор менамояд, муайян мекунанд (мешиносад), роҳбаладӣ месозад ва маҳв мекунад.
Маҷмааи силсилавии русиягии насли нави "Задира" дар 5 сония қодир аст бесарнишини душманро дар масофаи то 5 км ҷисман нобуд кунад (сӯзонад), ки ин дар театри амалиёти ҷангӣ ҳанӯз баҳори соли 2022 исбот гардида буд.
Вазорати дифои Русия таҳияро “дар асоосҳои принсиипи физикӣ” - маҷмааи ҷангии"Задира-16"-ро 6 сол пеш фармоиш дода буд.
Маҷмааи русиягии "Пересвет", ки соли 2017 ба яроқнокшавӣ қабул гардида буд, аз 1 декабри соли 2018 инҷониб навбатдории ҷангӣ дорад. Қодир аст маҷмааҳои моҳворавии душманро дар баландии то 1,5 километр аз Замин тавассути набзи лазерӣ “кӯр” кунад (аз кор барорад).
Пайдост, ки иқтидори "Пересвет" имкон медиҳад дастгоҳҳои тайёраҳои ҷосусӣ ва бесарнишинҳо дар атмосфера нобуд карда (сӯзонида) шаванд.
Чун ҷузъи самараноки маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоӣ ва мудофиаи зиддимушакӣ, "Пересвета" баҳори соли 2020 дар Сурия аз санҷиш бомуваффақият гузашт –"Томагавка"-ҳои амрикоӣ аз набзи лазерӣ нобино гаштаву алоқаи оптикиро бо нишон гум карда худро нобуд сохтанд.
Мукаммалсозии минбаъдаи "Пересвет" ба самти афзун намудани иқтидораш ва кам намудани андозааш равона карда шудааст. Ҳамҷояшавии маҷмааи лазерии ҷангӣ бо барандагони авиатсионӣ ва баҳрӣ хеле мантиқӣ ва ояндадор аст.
Бамаротиб васеъшавии имкониятҳо
Барои самаранок маҳв сохтани дастгоҳҳои парвозкунанда иқтидори ҷангии лазер бояд ба масофаи корӣ, суръат ва хусусиятҳои хоси объекти мавриди ҳамла қарор гирифта мутобиқат кунад.
Яроқи лазерии русиягӣ як қатор бартариҳо дорад ва барои он, ки ихчамтар, муҳарриктар ва тавонотар бошад, мунтазам мукаммал гардонида мешавад. Асосҳои илмӣ-технологӣ барои ин мавҷуданд. Ҳини кашидани лоиҳаҳои навтарин таҷрибаҳои санҷишии даҳсолаҳои гузашта ба назар гирифта шудаанд.
Ташкилотҳои илмӣ ва лоиҳакашии русиягӣ мавзӯи лазерҳои ҷангиро ним аср аст, ки меомӯзанд. Аниқтараш –аз соли 1964 боз, вақте ки барнома зиддимушакӣ таҳти нишони рамзии "Терра" оғоз гардид. Дертар, соли 1970, лазери ҷангӣ барои ҷойгир намуданд дар стансияи мадории "Скиф-Д" бо мақсади маҳв сохтани дастгоҳҳои кайҳонии душман таҳия гардид.
Маълум аст, ки дар соли 1987 ба мадори замин платформаи 77-тоннагии "Скиф-ДМ" бо лазери газодинамикӣ бароварда шуд.Тақрибан ҳамон замон тайёраҳои низомиву боркашонии “Ил-76” бо лазерҳои ҷангии “А-60” "Сокол-Эшелон" дар салун сохта шуданд.
Аён аст, ки маҷмааи “А-60” дар соли 2009-ум нишони шартиро дар масофаи 1,5 ҳаз км баландтар аз замин бомувафақият нобуд сохт.
Дар солҳои охир 2 таҳияи навтарини -– "Пересвет" ва "Задира" дастоварди ҳамагон гардид. Шояд, маҷмааҳои лазерии русиягии дурии нишонзаниашон ва иқтидорашон гунногун бисёртар аст.
“Мавҷудияти чунин маҷмааҳои ҷангӣ имкониятҳои Русияро бамаротиб афзун менамояд, маҳз - бамаротиб, дар соҳаи амнияти худӣ,”- қайд намуд аҳамияти махсуси яроқи лазериро президенти ФР Владимир Путин баҳори соли 2018.
Маъмурияти ИМА тирамоҳи соли 2018 аз “фаъолнокии ғайриоддӣ”-и Русия дар кайҳон дар ташвиш шуд – гӯё аз ҷойгирнамоии лазерҳои ҷангӣ дар мадор.
Зикр менамоем, ки аз ҷиҳати технологӣ соддатар ва самараноктар аст, агар дастгоҳҳои кайҳонии душман бо нурҳои лазерӣ неву тавассути ҳамраҳ-худкуши дар мадор тағъири самти ҳаракат менамуда нобуд карда шаванд – чунин “боздошт” бори аввал 1 ноябри соли 1968 амалӣ гардид, вале ин қиссаи тамоман дигар аст.
Мавҷудияти лазерҳои ҷангии мадории русиягии замонавӣ, “спутник-нозирон”-и таъиноти низомӣ ва ё худ “спутникҳои қиркунанда” Ғарби дастҷамъиро ҷиддӣ дар хавотирӣ гузоштааст, аммо аз ҷониби Маскав расман тасдиқ накардааст.
Ғайр аз Русияву Беларус, бо сохтани лазерҳои ҷангии иқтидораш то 100 кВт кам кишварҳо машғуланд. Бештар аз ҳама мутахассисони Исроил, Ҷопон ва Чин муваффақанд.
ИМА ва НАТО маҷмааҳои лазерии иқтидорашон калонро надоранд. Беҳтарин маҷмааи лазерии мудофиаи зиддиҳивоии нишонгириаш наздики иқтидораш 50 кВт дар асоси зиреҳпӯши “Stryker” ҳоло намунаи озмоишь боқӣ мондааст.
Мутахассисони амрикоӣ даҳсолаҳо машғули лоиҳаҳои ҷангии лазерии ҷойгиршавиашон дар ҳавову баҳр буданд, аммо ба иқтидор ва дурии барои истеҳсоли силсилавӣ зарур расида натавонистанд.