Дар Тоҷикистон корхонаи бузурги тавлиди сигор месозанд

Дар ҷануби мамлакат, дар МОИ корхонаи нав пайдо мешавад. Созишномаи дахлдор аллакай байни ҳукумати кишвар ва ширкати Interasia FZCO ба имзо расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи тавлиди тамоку бунёд мешавад.
Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмони ин корхона миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати ҶДММ “OXUS INTERASIA FZKO” ба имзо расид.
Барои сохтан ва ба истифода додани корхонаи тамоку ба маблағи 20 миллион доллар сармоя гузошта мешавад.
Хаҷми истеҳсолот дар МОИ Тоҷикистон
Пас аз роҳандозии истеҳсолот дар МОИ "Данғара" ҳудуди 80 ҷойи нави корӣ пайдо мешавад.
Ифтитоҳи истеҳсолоти нав ба таҳияи барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 мусоидат мекунад - ин яке аз чаҳор ҳадафи стратегии давлат мебошад.
Муҳлати сохтан ва ба истифода додани объект ҳанӯз маълум нашудааст.