Соли бобарори размикорони тоҷик: Наимов низ ба UFC пайваст

Бузургтарин ташкилоти ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои омехта чаҳорумин размикори тоҷикро ба сафи худ қабул кард. Нахустин рақобати ӯ рӯзҳои истироҳат доир мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов бо ташкилоти бонуфузи ММА-и ҷаҳонӣ UFC шартнома баст.
Дар ин бора менеҷери ӯ Брайан Батлер ва худаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Мавсуф чаҳорумин варзишкори киҳшвар аст, ки пас аз Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба ин ташкилот мепайвандад.
Ҳамин тариқ, бар асоси шартнома қарор аст Наимов аввалин набарди худро дар UFC шаби субҳи 4 июн дар Лас Вегас аноҷм медиҳад.
Ҳарифи аввалини ӯ дар ин зина Ҷейми Мулларки, размандаи австралиягӣ хоҳад буд.
Боз як размикори тоҷик дари UFC -ро "мекӯбад": ӯ кист
Корномаи Наимов аз 8 ғалабаву 2 бохт ва аз ҳарифаш бошад, 16 пирӯзӣ ва 5 нокомӣ иборат аст.
Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммад Наимов аз дигар намуди варзиш ба муҳорибаи омехта гузаштааст.
Қаблан ӯ дар сабқати таэквондо (ITF) ва кикбоксинг бомуваффақият баромад мекард. Ӯ дар категорияҳои синну соли гуногун қаҳрамони Осиё ва ҷаҳон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3 июн Муин Ғафуров низ нахустин рақобати худро дар доираи UFC бо амрикоӣ Ҷон Кастанеда ба майдон мебарояд.
Корномаи Муин Ғафурови 27-сола18 бар 4 ва рақиби 31-солаи ӯ бо лақаби "Секси Мекси" 19 бар 6 аст.
Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд.
"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев.