Маълум шуд, ки дар Хуҷанд Рӯзи кӯдакон чӣ гуна таҷлил мешавад

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба ҷашн дар боғи шаҳр консерт баргузор гардида, ба кӯдакон – ғолибони озмунҳои гуногун мукофот дода мешавад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вилояти Суғд.
Барномаҳои рӯзи 1-уми июн ба нақша гирифта шуда, дар боғи асосии фарҳангу фароғати "Наврӯзгоҳ" баргузор мешаванд.
Таҳти унвони "Бачаҳо — олами рангини мо" консерт намоиш дода мешавад. Қарор дар бораи баргузории онро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода имзо кардааст.
"Дар ин ҷашн дастпарварони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, кӯдакони ятим, ғолибони олимпиадаву озмунҳо, Академияи илмҳои хурд ширкат мекунанд", - гуфт манбаъ.
Чорабиниҳо субҳ оғоз шуда, соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ дар онҳо сокинон ва меҳмонони Хуҷанд ҳамроҳи фарзандонашон метавонанд ширкат кунанд.
Сеяки кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд
Илова бар ин, дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳо тантанаҳои идона баргузор мешаванд.
Ҳамин тариқ, озмунҳои беҳтарин иншо дар мавзӯи "Мо ҳуқуқи худро меомӯзем" байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин "Беҳтарин хонандаи китоб", "Беҳтарин ихтироъкор", "Тоҷикистон – кишвари офтобӣ" ҷамъбаст карда мешавад.
Дар ин рӯз ба аёдати кӯдакони ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шудааст.