ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) омодааст, барои як барномаи "таҳкими фарҳанги демократӣ" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба "маълумоти бардурӯғ" то 12 миллион доллар ҷудо кунад.
Ба иттилои RT, лоиҳа асосан ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронида шудааст, аммо дар маҷмӯъ механизми мазкур барои ҳамаи 5 давлати минтақа дастрас хоҳад буд.
"Дар ин минтақа шабакаҳои хабарии Русияро бештар дар шаҳрҳо назар ба деҳот тамошо мекунанд; дар деҳот мардум шабакаҳои телевизионии миллиро тамошо мекунанд",- омадааст дар матни грант.
Дар доираи лоиҳа аз ҷиҳати молиявӣ ҳавасмандгардонии ВАО-и мустақил, гузаронидани маъракаҳо барои муқобила бо "ахбори бардурӯғ" ва ҳамкорӣ бо таъсиргузорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қаблан Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки ИМА ва НАТО талош доранд, минтақаи Осиёи Марказиро ба як майдоне барои таҳдид ба марзҳои ҷанубии Русия табдил диҳанд.
"ИМА ва НАТО саъй доранд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба истилоҳ барномаҳо ва тамринҳои шарикӣ ҷалб кунанд, онҳо даъват ба эҳёи тамринҳои муштарак дар минтақа ва истиқрори зерсохтори низомии худро бас намекунанд", - гуфт ӯ.