ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон озими Қирғизистон хоҳад шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сафари роҳбари давлат 2 июн дар назар мебошад.
Интизор меравад, ки роҳбари Тоҷикистон дар Иссиқкӯл дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат варзида, бо роҳбари кишвари мизбон, Содир Ҷабборов мулоқот анҷом медиҳад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, ин чорабинӣ дар шаҳри Чолпон-Ота, воқеъ дар соҳили Иссиқкӯл баргузор мешавад.
Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ҳамчунин муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ширкат хоҳанд кард.
Аз ҷониби Аврупо дар ҷаласа раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел намояндагӣ мекунад.
Дар ин ҷаласа, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарии байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор сурат мегирад.
Илова бар ин, Содир Ҷабборов бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад, афзуд манбаъ.